«Бонувони Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик 100 чеҳраи равшани матбуотро дар тӯли аср муқаррар ва пешниҳоди хонанда созад. Муҳаққиқони соҳа ва таърихнигорони матбуот 100 чеҳраи мондагори зерин ва дигар ашхоси шинохтаи соҳаро дар давраҳои гуногун ёдовар шуданд.
- О. Левин, тоҷири яҳудӣ ва соҳиби матбааи Когон, ки Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ ӯро барои ташкили аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ташвиқ карданд. Аз шумораи аввалини рӯзнома аз 12 марти соли 1912 то моҳи августи ҳамон сол сарпарастии рӯзномаро ба ӯҳда дошт.
- Мирзо Ҷалол Юсуфзода – муҳаррири аввалини «Бухорои Шариф». Ин рӯзнома таи се моҳи аввал ҳафтае шаш бор ва баъди моҳи август 4 маротиба ба нашр мерасид. Ҳамагӣ 153 шумора чоп шудааст.
- Ғиёс Ҳуснӣ – муҳаррири ҷаридаи «Тӯрон», ки аз 14 июли соли 1912 ҳамчун замимаи «Бухорои Шариф» барои ба мардуми ӯзбекзабон расонидани ақидаҳои ҷавонбухориён таъсис ёфт. Аз моҳи сентябр нашрия мустақил шуд.
- Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – муҳаррири «Самарқанд» - аввалин нашрияи дузабонаи Туркистон. Он ҳафтае ду бор чоп мешуд ва дар нашраш Саидризо Ализода, Хитоии Самарқандӣ, Асъад саҳиманд. Баъдан маҷаллаи дузабонаи «Ойина» -ро низ гардон кард.
- Саидризо Ализода - ӯ шахсе буд, ки бо пули худ матбуоти тоҷикиро ба вуҷуд овард, барои пайдоиши матбуоти тоҷикӣ бо ҳукумати давр пархош кард, матбуоти тоҷикиро аз ҳуҷуми пантуркизм наҷот дод. Худаш муаллиф, муҳаррир, тарҷумон ва фурӯшандаи рӯзнома ҳам буд. Вай рӯзномаи «Шӯълаи инқилоб» -ро, ки он аз моҳи апрели соли 1919 то соли 1921 нашр шудааст, таъсис дод. Як муддат «Ойина» низ зери таҳрири ӯ чоп шуд.
- Садриддин Айнӣ. Аслан месазад, ки устодро дар ҷои аввал бимонему аз ӯ ба ҳайси аввалинҳо ёдовар шавем, аммо ҳақиқати таърих ин аст, ки Саидризо Ализода дар саргаҳи журналистикаи тоҷик қарор гирифтааст.
- Абдурауфи Фитрат – аз публисистони шинохтаи солҳои 1920 -30.
- Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов – муҳаррири рӯзномаи «Қутулиш» аст, ки аз моҳи июни соли 1928 аввал дар Тошканд ва баъдан дар Когон асосан бо забони тоҷикӣ чоп мешуд. Дар ҳайати таҳририяи рӯзнома Ҳамдӣ, Мунзим ва Фитрат низ буданд.
- Қосим Дайламӣ – муҳаррири нашрияи сертиражи «Фикри ҷавон» аст, ки ба сифати газетаи деворӣ аз моҳи майи соли 1925 ҳафтае ду бор дар Ӯротеппа нашр мешуд.
- Юсуф Фаттоҳ – муҳаррири рӯзномаи «Овози Шарқ» аст, ки аввалин намунаи матбуоти низомии тоҷикист. Он аз 12 августи соли 1924 то моҳи марти соли 1925 ҳафтае як бор чоп мешуд.
- Абдулқаюми Қурбӣ – муҳаррири масъули рӯзномаи «Овози тоҷики камбағал». Шумораи аввалини он 25 августи соли 1924 нашр шуд. Дар заминаи он баъдан «Овози тоҷик» ба вуҷуд омад, ки муҳаррираш Қурбӣ буд. Ин рӯзномаро модари матбуоти тоҷик ҳам меноманд.
- Ғайбулло Нурмуҳаммадови тотор аз Бухоро бо худ мошини чопии тигелии навъи «Либертӣ» - ро овард. Сафар аз Бухоро то Душанбе як моҳ тӯл кашид. Мошини чопиро дар шакли ба қисмҳо ҷудошуда ва 10 сандуқи ҳуруфи сурбиро поездсавору мошинсавору шутурсавор 31 июли соли 1924 ба Душанбе оварданд.
- Аббос Алиев – муҳаррири аввалини рӯзномаи «Иди тоҷик» аст, ки аз 15 марти соли 1925 ба фаъолият оғоз кард. Баъдан ин рӯзнома номи «Бедории тоҷик» -ро гирифт. 8 октябри соли 1928 рӯзнома бо номи «Тоҷикистони сурх» чоп шуд. Ибтидои соли 1955 он унвони «Тоҷикистони советӣ», соли 1990 номи «Тоҷикистони шӯравӣ» -ро гирифту аз 9 –уми сентябри соли 1991 то имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» ба нашр мерасад.
- Абрам Ромов – муҳаррири аввалини рӯзномаи «Советский Таджикистан» аст, ки моҳи ноябри соли 1925 аз чоп баромад. Аз соли 1930 рӯзнома номи «Коммунист Таджикистана» -ро гирифт. Феълан он бо номи «Народная газета» чоп мешавад.
- Баҳриддин Азизӣ – муҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Мушфиқӣ» аст, ки баъдан «Мушфиқӣ» ва ахиран «Хорпуштак» табдили ном кард. Моҳи апрели соли 1926 шумораи нахустинаш ба нашр расид.
- С.Шарифова - муҳаррири аввалини маҷаллаи бонувон, ки дар ибтидо «Бо роҳи Ленин» ном дошт. Он аз моҳи майи соли 1932 фаъолияташро сар карду баъдан ба маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» табдил ёфт. Ҳоло бо номи «Фирӯза» нашр мешавад.
- Мақулшоев – мудири шӯъбаи ташвиқу тарғиби КМ ЛКСМ ба ҳайси муҳаррири аввалини «Комсомоли Тоҷикистон» ёд мешавад. Рӯзнома 5 апрели соли 1930 ба нашр расид. Феълан ин рӯзнома бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» фаъол аст.
- Набиҷон Почоҷонов - муҳаррири аввалини «Пионери Тоҷикистон». Он аз соли 1932 ба нашр мерасад ва феълан номи «Анбоз» -ро дорад.
- Самад Ғанӣ - муҳаррири газетаи «Тоҷикистони Сурх» дар солҳои ҶБВ бо навиштаҳои хонданиаш шинохта буд.
- Абулқосим Лоҳутӣ бо ашъори пуробуранги публисистиаш дар матбуот, хоса дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» фаъолона кор кардааст. Ӯ ҳамчунин як муддат роҳбари Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.
- Ҳилол Каримов – сардабири маҷаллаи «Октябр», ки солҳои сиюм ба нашр мерасид. Соли 1933 барои синфҳои якум «Алифбо» -ро интишор намуд, ки таи беш аз 50 сол баҳри саводомӯзии одамон хидмат кардааст.
- Набӣ Фахрӣ яке аз журналистони бисёр варзидаи солҳои 1930-1940-и тоҷик дониста мешавад.
- Фотеҳ Ниёзӣ муҳаррири газетаи тоҷикии «Ҳақиқати Аскари Сурх» аст, ки дар солҳои ҶБВ барои аскарони тоҷики дар фронтбуда нашр мешуд.
- Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ - сармуҳаррири аввалини маҷаллаи «Машъал». Маҷалла моҳи октябри соли 1952 таъсис ёфта, то охири соли 1957 бо номи «Пионер» чоп мешуд. Ҳоло номи «Истиқбол» -ро дорад.
- Аминҷон Шукӯҳӣ – аввалин раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон.
- Мӯъмин Ғуломов солҳои 50-ум журналисти овозадор буд. Ӯ аз муҳаррирони барҷастаи ин солҳо ба шумор меравад
- Бӯринисо Бердиева – сармуҳаррири рӯзномаи «Маориф ва маданияти Тоҷикистон». Ӯ бо ҷасорати хоси худ ва ҳамчунин нашри аввалин матлабҳо дар бораи Наврӯз машҳур буд.
- Асадулло Саъдуллоев – журналисти шинохтаи солҳои 70 –ум. Ду навбат декани факултаи журналистикаи ДМТ буд.
- Ғоиб Сафарзода – бори аввал мавзӯи афзалият додани забони тоҷикиро дар кишвар маҳз ӯ дар «Тоҷикистони советӣ» бардошт.
- Мазҳабшо Муҳаббатшоев – сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият». Бо тарроҳии хос ва ҷасорати худ машҳур шуд.
- Раҷаб Мардон – журналист ва публисисти шинохтаи тоҷик, ки солҳои 1970 ба майдони матбуот фаъолона ворид шуд. Хоса, навиштаҳои иқтисодиаш хонандаи зиёд доштанд.
- Шоҳмузаффар Ёдгорӣ - журналист ва публитсисти шинохта. Солҳои зиёд дар «Тоҷикистони советӣ» кор кард. Дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» ва охирон дар солҳои мушкили баъди низоъҳо дар «Ҷумҳурият» то ба нафақа рафтанаш сардабир буд.
- Сангин Гулов – устоди ДМТ. Як замон роҳбари Маркази таҳқиқоти журналистӣ ва сармуҳаррири рӯзномаи Донишгоҳи Миллӣ ҳам буд.
- Камол Насрулло сардабири аввалини маҷаллаи «Чашма» аст, ки соли 1986 таъсис ёфтааст. Замоне аз пурхонандатарин маҷаллаҳои кӯдакона ба ҳисоб мерафт.
- Гулрухсор Сафиева чандин сол сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», аввалин сардабири маҷаллаи «Фарҳанг» аст, ки аз соли 1991 ба табъ мерасад.
- Ғоиб Қаландаров – рӯзноманигори шинохта. Як муддат сардабири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ».
- Шодӣ Саидов – солҳои 50 -80 аз публисистони шинохтаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Як давра сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» ҳам буд.
- Мутеъулло Наҷмиддинов дар замони баъдиҷангӣ аз публисистони маъруфи тоҷик буд, ки дар «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикистони советӣ» кор кардааст.
- Ибод Файзуллоев яке аз фелетоннависони машҳури тоҷик буд. Баъдан сармуҳаррири рӯзномаи «Пайёми Душанбе» ва «Тоҷикистони советӣ» буд.
- Ҷумъа Одина аз ҷасуртарин публисистони солҳои 70 дониста мешавад, ки дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» кор кардааст.
- Отахон Латифӣ – хабарнигори «Правда» дар Тоҷикистон. Бо матлабҳои ҷасуронаи худ, хоса дар масоили иқтисодӣ, машҳур буд. Баъдан муовини сарвазир ҳам таъин шуд.
- Ҳоҷӣ Содиқ – баъди ҶБВ нахустин тоҷике, ки рӯзномаи ӯзбекии «Совет тоҷикистон»-ро муҳаррирӣ мекард.
- Мавҷуда Ҳакимова солҳои 80–уми асри 20 сардабири маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» буд.
- Басир Расо – марҳум солиёни мадид сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хопуштак» буд.
- Муродулло Шерализода – аввалин сармуҳаррири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум». Шумораи аввалинаш январи соли 1991 ба табъ расид. Шерализода вакили парлумон ҳам буд. Моҳи майи соли 1992 кушта шуд.
- Иброҳим Усмонов – Публисисти шинохта. Декани факултаи филология ДМТ. Ташаббускори таъсиси факултаи журналистика. Раиси Кумитаи телевизион ва радио ҳам буд. Дар вазифаҳои мушовири давлатии Президент ва муовини вазири фарҳанг фаъолият кардааст.
- Додохон Эгамов – сармуҳаррири аввалини «Пайёми Душанбе». Ин рӯзнома нашрияи кумитаи ҳизбии пойтахт буд.
- Мансур Сайфиддинов (Сурӯш) – публисисти машҳури русзабон. Соли 2003 – 2004 сардабири «Минбари халқ» буд, ки тавонист як рӯзномаи ҳизбиро овозадору серхонанда гардонад.
- Имомназари Холназар – муассиси нашрияи «Адолат». Баъдан ин нашрияро дар ихтиёри Ҳизби демократи Тоҷикистон вогузошт, аммо сардабир худаш буд.
- М. Ҳоҷиматов – муҳаррири маҷаллаи «Илм ва ҳаёт». Шумораи аввалинаш соли 1989 чоп шудааст. Солҳои 1990 -1991 аз пурхонандатарин маҷаллаҳо буд. Бори аввал Қуръонро тарҷума чоп кардааст.
- Айёмиддини Саттор – сардабири аввалини «Наҷот» - нашрияи ҲНИТ. Он аз 12 марти соли 1992 чоп мешавад.
- Доро Наҷот – сардабири рӯзномаи «Сомон». Он 19 феврали соли 1991 сабти ном шудааст. Бо ҳуруфоти кириллӣ ва форсӣ чоп мешуд.
- Аскар Ҳаким – сардабири моҳномаи «Пайванд», ки аз январи соли 1991 бо хати форсӣ чоп мешуд.
- Саттор Турсун – аввалин сардабири рӯзномаи «Баҳори аҷам» - нашрияи Вазорати фарҳанг, ки 14 апрели соли 1998 таъсис ёфтааст.
- Бахтиёр Муртазоев – аввалин с0.ардабири рӯзномаи «Минбари халқ» - нашрияи ҲХДТ, ки аз 7 сентябри соли 1996 чоп мешавад.
- Насибҷон Амонӣ – сармуҳаррири аввалини «Сухан» - нашрияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Шумораи аввалинаш 9 марти соли 1991 ба табъ расид.
- Насрулло Асадуллоев – бунёдгузори ҳафтаномаи «Тоҷикистон». Нашрия аз 21 марти соли 1992 чоп мешавад. Феълан он моли Шарифи Ҳамдампур аст.
- Зулфия Атоӣ – сардабири маҷаллаи «Фирӯза». Чун нигаҳдорандаи ин маҷалла дар солҳои душвори баъди низоъҳои Тоҷикистон эътироф мешавад.
- Бобоҷон Абдулвоҳидов – марҳум сардабири рӯзномаи Парлумонии «Садои мардум» дар солҳои 1998-2008 буд.
- Камол Абдураҳимов - сардабири рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият».
- Владимир Воробёв – сардабири феълии «Народная газета».
- Ҳайдар Ҷӯраев – сардабири феълии рӯзномаи «Халқ овозӣ».
- Бахтиёр Ҳамдамов – сардабири рӯзномаи ҲХДТ «Минбари халқ», ки имрӯз бо теъдоди зиёд нашр мешавад.
- Бурҳон Сафарӣ – муассис ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷоми Ҷам» - яке аз пурхонандатарин нашрияҳои музофотӣ. Аз 4 январи соли 1992 дар Кӯлоб нашр мешуд. 8 шумора чоп шудааст.
- Латофат Кенҷаева – сардабири маҷаллаи «Машъал» (аз соли 1984 то имрӯз, ки баъдан номи «Истиқбол»-ро гирифт). Ташаббускори фаъоли ба нашр расондани китобҳои журналистбонувон ва умуман эҷодкорон аст.
- Ҳабибулло Ёров – сардабири «Нидои ранҷбар» - нашрияи ҲКТ, ки аз феврали соли 1992 чоп мешавад. Публисисти шинохта.
- Абдуғаффор Қурбонов – сардабири ҳафтаномаи «Посух» - нашрияи Вазорати фарҳанг ва ИЖТ. Шумораи аввалаш 18 ноябри соли 1994 чоп шуд. Аз чоп бозмондааст.
- Акбари Саттор. Ӯро эҳёкунандаи матбуоти тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ меноманд. Соли 1994 рӯзномаи «Дайджест – пресс» -ро таъсис дод. Пас аз 2 сол ҳафтаномаи хусусияш «Чархи гардун» фаъол шуд. Соҳиби рӯзномаҳои «Авиценна», «Вечерний Душанбе», чопхонаи «Интишор» ва ғ. Феълан раиси ИЖТ.
- Умед Бобохонов – муассис ва сардабири рӯзномаи «Азия плюс», ки аз 21 январи соли 2000 чоп мешавад. Роҳбари медиа – гурӯҳи «АП», ки дар он рӯзнома, оҷонсии хабарӣ ва радио фаъол аст.
- Шарифи Ҳамдампур – сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон». Дар заминаи ин рӯзнома нашрияҳои «Крим – инфо», «Оила» «АиФ дар Тоҷикистон» ва «Комсомольская правда» чоп мешавад. Чопхонаи «Мега принт» низ ба ӯ дахл дорад.
- Нина Пак – сардабири рӯзномаи «Бизнес и политика». Дар солҳои пас аз низоъҳои дохилӣ матбуоти сиёсии Тоҷикистонро муаррифӣ менамуд.
- Азизи Азиз – сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳафтганҷ», ки пас аз соли 1997 дубора фаъол шуд.
- Сайёфи Мизроб – сардабири рӯзномаи «Самар». Солҳои 1997 -98 аз нашрияҳои баҷуръат ҳисоб меёфт. Феълан сардабири рӯзномаи «СССР» аст.
- Саидалӣ Сиддиқ – сармуҳаррири рӯзномаи «Автобис» ва баъдан «Восточный экспресс», ки солҳои 1998 -2000 фаъол буд. Баъдан сардабири «Вечерний Душанбе. Пасон нашрияи «События» -ро таъсис дод. Феълан мудири шӯъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ аст.
- Умед Сатторов – муассиси чопхонаи «Мушфиқӣ». Аввал аз нашри рӯзномаи ҳаҷвие бо ҳамин ном корро шурӯъ кард. Ҳоло чандин нашрияҳои фароғатӣ дорад.
- Мухтор Боқизода – сармуҳаррири «Нерӯи сухан». Боқизода раиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон аст.
- Қироншоҳ Шарифзода – роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист». Сардабири нашрияҳои «3 +1» ва «Ҷомеа».
- Раҷаби Мирзо – муассис ва сармуҳаррири рӯзномаи «Рӯзи нав». Сармуҳаррири аввалини рӯзномаи «Имрӯз нюс».
- Нозирҷон Ёдгорӣ – журналисти варзида, сардабири рӯзномаи «Нерӯ. Ин нашрияро Н.Ёдгорӣ бо Пайванди Гулмуродзода дар тобистони соли 2004 ба нашр расонд. Аммо пас аз чанд шумора нашрия аз чоп монд.
- Қурбоналӣ Хӯҷамов – муассиси рӯзномаи «Зиндагӣ». 8 сентябри соли 2004 таъсис ёфтааст. Пас аз маргаш рӯзнома аз чоп монд.
- Адолати Мирзо – муассиси ҳафтаномаи «Миллат». Раиси созмони «Афрӯз».
- Марям Давлатова – журналист ва ҷомеашиноси шинохта. Сардабири маҷаллаи «Равзана ба ҷаҳон».
- Ҳуриннисо Ализода – сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки соли 2006 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Рисолати маҷалла бо супориши муассисаш инъикоси ҳаёти воқеии бонувонро ҳақиқатнигарона таҷассум кардан аст.
- Усмони Солеҳ – сардабири ҳафтаномаи «Ваҳдат».
- Зафар Абдуллоев – сармуҳаррири нашрияи «Факты и комментарии». Ин нашрия ба ҳайси рӯзномаи амал (деловая) муаррифӣ мешуд, аммо баъдан аз чоп монд.
- Хуршеди Атовулло – сармуҳаррири рӯзномаи «Фараж», ки аз декабри соли 2006 чоп мешавад. Дар ҳафтанома бештар ба мавзӯъҳои таърихӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад. Ӯ директори Маркази таҳқиқоти журналистӣ низ ҳаст.
- Нуралӣ Давлат – сармуҳаррири аввалини нашрияи «Нигоҳ», ки аз декабри соли 2006 нашр мешавад.
- Саймуддин Дӯстов – роҳбари Шӯрои муҳаррирони «Нигоҳ». Таҳлилгар. Бо навиштаҳои ҷасурона ва таҳлилиаш машҳур аст.
- Самариддин Асозода – сардабири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон».
- Ҷумъа Толиб – бунёдгузори рӯзномаи «Пайкон». Соли гузашта бар асари беморӣ даргузашт. Рӯзнома аз чоп монд.
- Зафари Суфӣ – муасисси рӯзномаи «Озодагон», ки аз 28 декабри соли 2006 чоп мешавад.
- Асҳобиддин Суннатӣ – муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила». Баъдан дар заминаи он нашрияҳои «Дунё» ва «Аввалин сканворди тоҷикӣ» пайдо шуданд.
- Шӯҳрат Неъматуллоев – бунёдгузори нашрияҳои варзишии «Варзиш – спорт» ва «Футбол».
- Рустами Ҷонӣ – муассиси рӯзномаи «Имрӯз нюс», ки аз 30 августи соли 2010 ҳафтае 5 бор нашр мешавад. Радиои «Имрӯз» зери роҳбарии ӯ фаъол аст.
- Ҷумъаи Мирзо – сардабири нашрияи «Нури зиндагӣ».
- Мираҳмади Амиршо – муассис ва сардабири рӯзномаи хусусии «Одаму олам».
- Абдуқаюм Қаюмзод ба журналистика аз солҳои 1990 ворид шудааст. Бо мусоҳибаҳои ҷолибу ҷасуронааш машҳур аст.
- Абдуазими Абдуваҳҳоб – намояндаи рӯшани насли нави журналистикаи тоҷик. Феълан дар «Имрӯз нюс»-фаъолият дорад.
- Гулнора Амиршоева – сардабири рӯзномаи пойтахт «Вечёрка»
- Муҳайё Нозимова – сардабири ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат»
ҲАМЧУНИН...
...муҳақиқони соҳаи журналистикаи тоҷик ва дигарон чандин симоҳои р ӯшани матбуотиро дар давраҳои гуногуни таърихии сад соли фаъолияти он ёдовар шуданд, ки номи эшонро бо шарҳи кӯтоҳ зикр мекунем.
Баҳриддин Азизӣ, Алихуши Наистонӣ, Қурбон Баҳлулзода, Шарофиддин Садрулин (тоҷик аст, фамилияи занашро гирифтааст), Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ аз аввалин журналистони тоҷик маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, дар публитсистикаи ин замон Фитрат, Мирзосироҷи Бухороӣ, Абдулқодир Муҳиддинов нафаронеанд, ки чун намояндагони солҳои 20-уми матбуоти тоҷик аз онҳо ҳатман бояд ёдовар шуд.
Вақте дар хусуси намояндагони журналистикаи солҳои 30-юм ҳарф мезанем, бояд аз устодон Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил ёдовар шавем. Инҳо шахсиятҳоеанд, ки дар замони пешрафти сотсиализм кору фаъолият кардаанд.
Дар матбуоти солҳои 40-ум, замони ҶБВ ва баъди ҷанг устод Лоҳутӣ нақши бориз доранд Ҳамчунин, ин давра айёми инкишофёбии эҷодиёти устод Сотим Улуғзода дониста мешавад. Устод Ҳусейнзода самимона дар матбуоти ин замон баромад мекарданд, Набӣ Фахрӣ яке аз журналисти бисёр варзидаи солҳои 30-40-и тоҷик дониста мешавад.
Солҳои 50-ум журналистикаи моро номҳои Пӯлод Толис, Мӯъмин Ғуломов, Аминҷон Шукӯҳӣ, Бӯринисо Бердиева, Ғоиб Қаландаров, Ашӯр Ҳалимов ва дигарон шукӯҳ мебахшиданд.
Дар солҳои 60-70-ум Шодӣ Саидов, Шодӣ Ҳаниф, Мавҷуда Ҳакимова, Хайриннисо Муҳиддинова, Шавкат Саидов аз нафарони шинохтаи ин давраанд. Отахон Латифӣ шахсияти бузург ва маъруфи журналистикаи тоҷик маҳз дар ҳамин давра бо навиштаҳои аввалинаш ба матбуот пайваст, Ғоиб Сафарзода бо мақолаҳои ватандӯстона ба майдон даромад.Журналистони русзабони мо дар ин давра Леонид Пашенко, Яков Налский аз худ дарак доданд. Муҳаммадвафо Муҳаммадризоев, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов аз эҷодкорони хуби матбуоти ин давра ба ҳисоб мераваданд.
Дар аввали солҳои 70-ум Раҷаб Мардон, Абдулҳамид Самадов, Нур Табаров ба арсаи журналистика ворид гаштанд. Бобо Расулзода, Мутеъулло Наҷмиддинов, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Ҳабибулло Ёров, Усмон Шарифзода, Абдулло Зокиров, Аъзам Сидқӣ низ дар ин солҳо ба журналистикаи мо зиё оварданд.
Симоҳои намоён Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ дар ин солҳо фаъолияти хуби рӯзноманигорӣ доштанд. Бозор Собир, Ҷумъа Одина аз журналистони бисёр фаъоли рӯзномаи «Маориф ва маданият» дониста мешуданд.
Дар журналистикаи сиёсии ин замон Нурмад Рӯзиматов ва Маъруфӣ шинохта шуданд. Борис Пшеничний, Каротигина (журналистони русзабон), Ҳоҷӣ Содиқ, Сулаймон Эрматов (журналистони ӯзбекзабон) бо навиштаҳои хонданӣ ҷойгоҳеро дар таърихи матбуоти тоҷик ишғол карданд.
Ато Ҳамдам, Иноят Насриддинов, Бахтиёр Муртазоев аз публитсистони бисёр бақуввати он солҳоянд.
Журналистикаи солҳои 80-умро ному навиштаҳои Насрулло Асадуллоев, Леонид Пашенка, Соҷидаи Мирзо, Ғуломҳайдар Муродалиев, Қурбон Мадалиев, Хушбахти Ҳайдаршо, Файзалӣ Аҳмадов, Мақсуд Ҳусейнов, Тиллои Некқадам дар нашрияҳои марказӣ, ному навиштаҳои Пирумқул Сатторӣ, Зуҳуриддин Суярӣ, Муқим Абдураҳмонов, Мирзо Набот, Шарифмоҳ Кишварова, Қувват Холов, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Неъматулло Худойбахш, Сафар Айюбзода, Аслон Исломов, Мирзо Гадоев, Мирзо Қосим, Мирзо Фирӯз, Карим Давлат, Исо Раҳим, Илҳом Ҷамолиён, Ҷӯра Юсуфӣ, Бобоҷон Икромов, Неъматулло Мирсаидов, Назаршо Исломов, Нишон Ҳамроҳ, Нусратулло Дорғабеков, Назардод Ҷанбобоев, Муҳаммад Шерзодшоев, Гулдона Одинаева, Саъдоншо Нафасшоев, Сироншоҳи Диловар, Ҷумъа Қувват, Диловари Мирзо дар матбуоти музофотӣ шукӯҳу фар мебахшиданд.
Солҳои 90-ум, ки ба соҳибистиқлолии мамлакатамон рост омад, матбуоти мустақил, нашрияҳои соҳавию хусусӣ мавқеи хос пайдо карданд, ки аз рӯшантарин симоҳои он дар боло ёдовар шудем. Дар он радиф ҳамчунин метавон аз фаъолияти Раҳматкарими Давлат – журналисти саршинос, Манижа Қурбонова – муҳаррири маҷаллаи «VIP-ZONE», журналисти соҳибқалам Мирзои Салимпур, Маҳмадшариф Бобошоев ном бароварданд.
Ёд овардан аз рӯзноманигорон ва қаламкашони матину оташниҳод дар арафаи 100-солагии матбуоти тоҷик кори хайр аст. Албатта, ин ёднома фарогири ному фаъолияти ҳамаи қаламкашони варзида нест. Таърихи пуршӯру пуробуранги садсолаи матбуоти мо арзандаи таълифи як донишнома (энсиклопедия)-и бузург мебошад, ки заҳмату масъулият ва дақиқкории ҳирфаиро тақозо дорад.
P.S: «Бонувони Тоҷикистон», мусоҳибон ва муаллифони ин матлаб қотеъона ҳукм карданӣ нестанд, ки зикри шахсиятҳои арзандаи соҳаи матбуотро пурра ёдовар шуда бошанд. Боқӣ қазовати муаррихин ва муҳақиқини оянда аст.