6 июни соли 2022 дар кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе Форуми «Занон ва об» - 2022 дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 (Раванди оби Душанбе) бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари минтақавии СММ «Занон» дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо (RASIT) дар якҷоягӣ бо Дафтари ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА баргузор гардид.
Форум бо иштироки намояндагони баландпоя, намояндагони Муколамаи занони Осиёи Миёна аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди пешвоёни Эътилофи об ва иқлим муҳтарам Султон Раҳимзода доир гардид.
Дар кори Форум намояндагони 49 давлати дунё, сиёсатмадорон, кормандони соҳаи илм: академикҳо, олимон, таҷрибаомӯзон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд, сармоягузорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки амалу фаъолияти онҳо ба ҷанбаъҳо ва равандҳои гендерӣ равона гардидааст, ширкат варзиданд.
Форум самтҳои афзалиятноки робитаҳои мустаҳкам ва самарабахш бо равандҳои мавҷуда ва самтҳои муттаҳидшуда дар Конференсияи СММ оид ба захираҳои об -2023, Конференсияи созишномаи Париж – 27, фаъолияти минбаъда дар доираи натиҷаҳои Сессияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан, 7-умин солгарди Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ҷиҳати таъмини муколама ва равандҳои мақсаднок дар идоракунии захираҳои об бо