Таҳмина Абдуалиева:
3 январи соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2021» доир шуд. Ҳайати ҳакамон Гулрӯ Гулбекова - мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ ва Маҳбуба Пӯлодова - мураббияи Муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи сеюм, Мунира Ризоева - мураббияи Муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи дуюм, Таҳмина Абдуалиева – мураббияи Муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд ва Фирӯза Ғаниева - мураббияи Муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» гардиданд.
Аз суҳбат бо Таҳмина Абдуалиева дарёфтам, ки роҳи ӯ то расидан ба қуллаи баланди орзу ва обрӯ – беҳтарин мураббии кишвар эътироф гардиданаш, саҳлу осон набудааст.
Ӯ зодаи деҳаи Сартуқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Деҳае дар соҳили рости дарёи Сир ва канори кӯҳи Мевағул ё ба қавли Камоли Хуҷандӣ Мевағал, ки басо зебоманзар мебошад. Падараш Ғафурҷон Абдуалиев агрономи машҳур, ки алҳол нафақахӯр аст ва ҳанӯз боғдорони Хуҷанду атрофи он аз маслиҳатҳояш баҳравар мебошанд ва модараш Шарафнисо Абдуалиева, ки беш аз 40 сол муаллими синфҳои ибтидоӣ буд, ба таълиму тарбияи духтари худ муносибати ҷиддӣ доштанд ва ҳар кадом мехостанд, ки пайрави касби онон бошад. Аммо Таҳминаро касби модар бештар писанд афтода буд. Аз ин рӯ, дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил кард.
Аммо дар дилаш меҳри хосе ба кӯдакон ва орзуи наве пайдо шуд: маҳз дар кӯдакистон мураббӣ шудан! Ва фаъолиятро аз кӯдакистони «Дилоро»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Кор дар кӯдакистон махсусияти худро доштааст. Ӯ дарк кард, ки барои мураббӣ кашфи дунёи кӯдакон, ҳолатҳои равонии ҳар кадоми онон хеле муҳим будааст ва дубора боз ба ҳамон Донишгоҳ ҳуҷҷат супурд ва ин дафъа бахши ғоибонаи равоншиносии амалӣ ва таҳсилоти томактабиро хатм кард.
Аз соли 2016 Таҳмина ба Муассисаи томактабии №23 гузашт. Маҳз дар ин кӯдакистон ҷанбаҳои эҷодкорияш дар кори тарбия туғён заданд. Дар озмунҳои шаҳрии «Донояк», «Ман касбамро дӯст медорам», «Касби ман – ифтихори ман» фаъолона ширкат варзида ба пирӯзӣ ноил гашт. Соли 2017 беҳтарин мураббии шаҳри Хуҷанд дониста шуд ва ҷойи дуюмро дар озмуни вилоятии «Мураббии сол» касб кард. Хурсанд буд, ки ба ҳакамон корҳои эҷодии ӯ: «Маҷмуи машғулиятҳои намунавӣ» ва «Бо бозӣ меомӯзем (бозиҳои дидактикӣ)», ки ҳамон сол навишта буд, писанд омаданд ва барои истифода ба ҳамкасбонаш тавсия гардиданд.
Таҳмина, ки касбашро дӯст медорад, бо вуҷуди дар шаҳр беҳтарин мураббӣ эътироф гардиданаш, пайваста ба омӯзиши роҳу равишҳои нави муосири тарбия дар кӯдакистонҳо машғул мешуд, дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос таҷриба меомӯхт ва маҳораташро сайқал мебахшид. Аз таҷрибаи андӯхтааш мақолаву рисола менавишт, то дигар ҳампешагонаш низ баҳравар гарданд. Соли 2021 рисолаҳои «Машғулиятҳо аз хештаншиносӣ», «Маҷмуи машғулиятҳо аз шиносоӣ бо муҳити зист дар гурӯҳи калон» ва мақолаҳои «Тарбияи кӯдакон саҳлангориро намеписандад», «Луғатомӯзӣ ва нақши он дар инкишофи нутқи кӯдакон», «Одоб аз илм афзал аст» ва чанде дигарро навишта ба табъ расонд, ки баъдан аз ҷониби ҳакамони озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баҳои баланд гирифтанд.
Таассуроти ширину гуворо аз озмуни ҷумҳуриявӣ то дергоҳ аз хотири Таҳмина зудуда нахоҳанд шуд: чӣ тавр пеш аз рӯзи озмун то нисфи шаб нахобида, ҳамроҳи Дилбар Исмоилова – мудири шуъбаи рушди истеъдодҳои идораи маорифи вилояти Суғд шартҳои озмунро баррасӣ мекарданд. Чӣ тавр дигар ҳамроҳонаш – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири кӯдакистон Кимё Исматова, ҳамкасбонаш аз ин кӯдакистон Муаззама Сайдуллоева, Мубина Бобоҷонова ӯро мухлисӣ ва дастёрӣ мекарданд, бо маслиҳатҳои гаронбаҳои худ умедашро ба пирӯзӣ қавитар мегардонданд.
Ҳассостарин, асоситарин ва душвортарин шарти озмун гузарондани дарси амалӣ бо кӯдакони «бегона» аз кӯдакистони № 149-и шаҳри Душанбе буд. Ҳамагӣ 20 дақиқа пеш аз машғулият бо онҳо шинос шуд. Мавзуъ: «Ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ» буд. Таҳмина диапроектор, тахтаи электронӣ, бозичаҳои таълимӣ ва дигар асбобҳои аёниро омода намуд. Бозии омӯзиши ҳисоби ибтидоӣ «Гунҷишкҳо ва дарахт»-ро бо ширкати фаъоли кӯдакон дар 30 дақиқа ба намоиш гузошт. Ба шохи дарахт бо навбат парандаҳо меоянд: як, ду, се, чор… ҷамъ мешаванд… ва боз як-ду ё сетоӣ аз шохи дарахт мераванд… тарҳ мешаванд. Бачаҳо ҷавобҳои дуруст медиҳанд ва ҳамаро ба ҳайрат мегузоранд. Ва дӯст медоранд ин мураббияи зебо, доно ва меҳрубони хуҷандиро, ки бори якум дидаанд ва мафтунаш гардидаанд.
Мураббияи асосии онон Назира баъдан бо интернет ба Таҳмина менависад: «Ҳар рӯз бачаҳо шуморо мепурсанд: модар Таҳмина боз кай меоянд? Пазмонашон шудем…»
- Ман ҳам ваъда додаам, ки бо аввалин имконият ба дидори фарзандони нави дӯстдоштаам ба пойтахт мешитобам, - мегӯяд Таҳмина ва ин паёмашро мефиристад ба Назира ва ба дастпарварони ширинаки ӯ.
Сарвари кӯдакистони №23 Кимё Исматова, Аълочии маорифи Тоҷикистон, ки аз соли 1993 мураббӣ, сармураббӣ буда, аз соли 1998 дар 4 кӯдакистони шаҳр роҳбар шуда, сарварии иттиҳодияи методии мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шуъбаи маорифи Хуҷандро ба уҳда дорад, мегӯяд:
- Дар кӯдакистони мо 12 мураббӣ ба тарбияи 280 кӯдак машғул аст. Ифтихор дорем, ки маҳз мураббии соҳибтаҷрибаи мо Таҳмина Абдуалиева ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ гардид. Таҷрибаи пешқадами ӯро дастраси ҳамаи мураббиёни шаҳр хоҳем кард.
- Вақте ки ранҷҳо, заҳматҳои шабонарӯзӣ натиҷаи мусбат медиҳанд, дигар ҳама ташвишҳо, бедорхобиҳо, азобу озорҳо фаромӯш мешаванд, - мегӯяд Таҳмина Абдуалиева. – Ман аз ҳамаи ҳамкасбонам, ки маро дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дастгиру мададгор буданд, сипосгузорам. Хушбахтам, ки ҳамсари азизам соҳибкор Музаффар Расулов, се шаҳписарам Манучеҳри 16-сола, Анӯшервони 13-сола, Умарҷони 6-сола мухлисонам буданд. Шукри Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, бонувон, имкон фароҳам овардаанд, ки истеъдод ва маҳорати хешро истифода барем ва ба фатҳи қуллаҳои нави комёбӣ ҳавасманд гардем.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд