Муаллими деҳа
Соли 1985 ӯ аввалин бонуе буд, ки ба деҳаи Қанғелии ноҳияи Файзобод чун омӯзгор ба кор омад. Меҳри тарбияи насли наврас кайҳо боз дар қалбаш маъво ёфта буд, ки аз роҳи дур фарсахҳову сарҳадҳоро убур намуд, то ба кӯйи мақсуд бирасад.
Сабоҳат Ҳамроқулова аз деҳаи Дарбанди вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон соли 1980 барои соҳибмаълумот шудан ба факултаи физика ва математикаи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко шомил шуд. Он айём тоҷикони ин вилоят дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил намуда дар ҳифзи забони модарӣ талош меварзиданд. Сабоҳатбону, ки дар оилаи омӯзгор камол ёфта буд, пешаи қиблагоҳро хост ҳамчун касби ҳамешагии худ қарор диҳад. Овони донишҷӯӣ ситораи толеи худро бо ҷавони ҳамсабақи тоҷикистониаш пайвасту оила бунёд намуд.
Омӯзгори ҷавони деҳа ҳар субҳ пас аз рӯзгордорӣ сӯи мактаб раҳ мепаймуд. Духтарони қадраси рустоӣ бо завқ сӯяш менигаристанд. Шуълаи муҳаббат ба пешаи пуршарафи омӯзгорӣ дар қалби ин духтарони деҳотӣ аланга мезад. То ин дам дар мактаби миёнаи № 21 -и деҳаи Қанғелӣ омӯзгорон ҳамагӣ мардҳо буданд.
Имрӯзҳо ӯ миёни хурду бузурги деҳа соҳибэҳтиром асту хулқу атвори намунавиаш вирди забонҳост. Домани чиҳил сол аст, ки аз пушти пешаи омӯзгорӣ нони ҳалолу ном ёфтааст. Ӯ омӯзгори синфҳои ибтидоист. Заҳмати муаллими синфҳои ибтидоӣ дар деҳа бештар аст, ки кӯдакон бидуни боғча аввалин қадамҳои мустақили худро аз мактаб оғоз мекунанд. Баъзан муаллимро зарур меояд, ки корро бо кӯдакон аз тарзи дуруст нигоҳ дошта тавонистани хома оғоз бахшад. Чун бонуи ботамкин, пурсабр ва заҳматқарин аст, худро вазифадор медонад, ки уҳдадориҳояшро сидқан иҷро намояд.
Дар масири ин пешаи пуршараф кунун ожангҳояш мисли хати шогирдони навқаламаш бар ҷабинаш ҳувайдоянду айнак ба дидагон, ба тафсири шоире, кунун доғи пирӣ дар маҳи рӯяш рақам задаву барфи нохезони мӯяш рӯи ҳаманд.
Синфи муаллим
Соле, ки муаллимро мебояд кӯдакони соли аввали таҳсилро ба уҳда гирад, тамоми падару модарони деҳ талош менамоянд, то таълиму тарбияи фарзандонашонро маҳз ӯ - Сабоҳатбону ба уҳда гирад. Роҳбарияти муассиса низ саъй менамояд, то тақсимоти кӯдакон ба синфҳо одилона сурат гирад. Кунун шогирдони устод низ зимоми таълиму тарбияи фарзандони худро мехоҳанд ба дасти муаллими худ биспоранд.
- Дар баробари донишу малакаи касбӣ омӯзгор бояд завқу хоҳиши баланди таълимдиҳӣ дошта бошад, меҳри беандоза ба пеша, ки бидуни ин хислатҳо дарси омӯзгор хасакӣ хоҳад гузашт. Кӯдакон хеле зираканд, муомилаи хубу рафтори одилонаро зуд дарк менамоянд. Андаке саъю кӯшиши онҳоро ситоиш намудану онҳоро руҳбаланд кардан бағоят муҳим аст. Агар хонанда ба дарс омода набошад, сабаби онро мебояд муайян кард. Ҳолати руҳии хонандаро дарк намудану дар ҳама ҳолат ба ӯ ёрӣ расондан вазифаи ҷонии омӯзгор аст, - мегӯяд Сабоҳат Ҳамроқулова.
Ба ақидаи муаллим, барои ҷалби хонанда ба дарс бо якояки онҳо дар гуфтугӯ бояд буд. Ҳама бояд имкони суханронӣ дошта бошанд. Чунин вонамуд бояд кард, ки ақидаи ӯ барои муаллим басо муҳим аст. Дар чунин ҳолат хонанда талош меварзад, то ҳамарӯза ба дарс бо тайёрӣ биёяд. Вақте ки ба онҳо имконияти баробар дода мешавад, дар онҳо завқу шавқ ва ҳисси боварӣ ба худ бедор мегардад.
Дар вақтҳои танаффус хонандагон гирди устодашон парвонавор мечарханд. Пас аз дарсҳо бо кӯдакони сустхони синф дар алоҳидагӣ кор мебарад, то дар ҷараёни таълим аз ҳамсабақон ақиб намонанд. Муаллимони синфҳои болоӣ ба хушҳолӣ синфҳои муаллимаро қабул карда, иқрор меоянд, ки бо онҳо кор кардан барояшон бағоят гуворост.
- Хонандагони муаллим, ки синфи 5 мешаванд, ба барномаҳои синфҳои болоӣ зуд ворид мегарданд. Муносибат, одоб, фаҳмиши ин хонандагон ҳамеша фарқкунанда аст. Омӯзгороне, ки роҳбари синфи онҳо интихоб мегарданд, нафарони хуштолеъанд, чун муаллим таҷрибаи бою ғанӣ ва тарзу усулҳои хоси дарсгузариро доранд, - мегӯяд Моҳистон Раупова, – муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаб.
Муаллим Сабоҳатбону кӯшиш мекунад, то дар ғаму шодии ҳамдеҳаҳо шарик бошад. То ҳини дарс ӯ кӯрпаву кӯрпачаҳои арӯсеро рӯдӯзӣ мекунад, ё баҳри нонбандӣ ба ёрии ҳамсояе мешитобад. Бекор нишастанро хуш надорад. Фасли баҳор то охири фасли тирамоҳ замини назди ҳавлии ӯ сабзазор аст. Дар замини назди ҳавлӣ заҳмат кашида ҳосили хуб мерӯёнад.
–Мекӯшам, то бо набераҳоям низ бештар кор кунам. Ба онҳое, ки бояд мактаб раванд, ҳарфҳоро меомӯзонам. Бо мактабхонҳо ҳамроҳ вазифаҳои хонагиро тайёр мекунем, китобҳои афсонаро мутолиа менамоем, ки баъдан нақли онҳоро гӯш ва суолу ҷавоб мекунам, - иброз медорад омӯзгори собиқадор.
Модари сарбоз
Сабоҳатбону бо ҳамсараш Шаъбон Восеев зиндагии хушбахтонаро ба сар доранд. Шаш фарзандро тарбияи хуб дода, соҳибмаълумот кардаанд ва соҳиби 8 набераанд. Муаллим давраҳои мушкили ҳаётро ба хотир оварда, аз амну оромии имрӯз меболад ва шукр мегӯяд.
- Овони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мактаб ҳамагӣ 5 муаллим монд. Ману шавҳарам ва се нафари дигар. Тайи ду сол бемаош фаъолият бурдем. Солҳои вазнини гуруснагӣ, фақру нодориро шукр, ки пушти сар кардем. Шукр, ки то замони осоишта расидему шоҳиди рушду пешрафти кишвар ҳастем. Ҳоло дар мактаб норасоии омӯзгорон мушоҳида намегардад, - мегӯяд С. Ҳамроқулова.
Бо қадами неки ӯ дар деҳа бонувони омӯзгор зиёд гаштанд, ки ҳоло шумораи онҳо ба 18 нафар расидааст. Муаллимони ботаҷрибаи мактаб Сабоҳат Ҳамроқулова ва Моҳистон Раупова маҳсуб меёбанд, ки ҷавонони навкорро роҳбари муассиса Т. Кабиров муваззаф менамояд, ки мудом дар дарсҳои ин омӯзгорон ширкат варзида, таҷрибаи хешро ғанӣ гардонанд.
Тарбияи неки волидон буд, ки баъди соҳиби маълумоти олӣ шудан ҷигарбанди хурдиаш Лоиқ Восеъзода имрӯз ба хизмати Модар – Ватан камар бастаасту вазифаи шаҳрвандии хешро бо сарбаландӣ иҷро менамояд. Муаллим аз модари сарбози ватандӯст будан ифтихор дорад.
Пурсидам, ки боре аз ин пеша дилмонда гаштаед? Бо ҳисси боварӣ мегӯяд, ки на. «Ман аз пушти пешаи омӯзгорӣ номи нек ёфтаам ва бо меҳнати ҳалол зиндагӣ дорам. Ва андаке ҳам бошад, дар рушди Ватанам саҳм мегирам. Вақте маро бо меҳру ихлосу сипос «муаллим» гӯён садо мекунанд, худро хушбахттарин инсон мепиндорам», - мегӯяд омӯзгор Сабоҳат Ҳамроқулова.
Меҳронаи ҶАМШЕД,
ноҳияи Файзобод