ошхона
Ошхона љойи дўстдоштаи бонувон буда, мањз дар он љо таомњои лазизу хуштаъм ва ширинию ќандинањоро барои ањли хонавода омода менамоянд. Намои дохили ошхона барои бедор сохтани завќи кадбону наќши бориз дорад. Зебосози навбатии маљалла Њусейн Ќудратов вобаста ба тарњу услуби муосири ошхона ва интихоби рангњои он чунин маслињат медињад:
Интихоби тарњ
Ќадами аввал дар тарроњии ошхона интихоби тарњи бино мебошад. Агар тарњи бинои ошхона мувофиќ ба стандартњо набошад, њељ гуна зебоофарї ва лоињањои беназири дизайнерї мадад карда наметавонанд. Аммо њар услуб майдони васеъро барои эљодкорї пешкаш мекунад, ки чизи аз њама муњим риоя намудани тавсияњои асосї мебошад.
Ороиши ошхона бо тарњи хай - тек
Принсипи асосии услуби мазкур ба номаш вобастагї дорад. Яъне ин тарњро бештар барои ошхонањое кор мебаранд, ки истифодаи технологияњои муосири маишї дар мадди аввал меистад. Барои ороиши ошхона мебели замонавї аз пластика, шиша ё металл истифода мегардад. Дар ин намуди ороиш истифодаи рангњои зиёд иљозат дода намешавад ва дохили он бояд равшан бимонад.
Тарњи классикї
Сарфи назар аз рушди технология ва тамоюли такмил додани фазо, услуби классикї њоло њам шуњрати худро гум накардааст. Аз сабаби истифодаи зиёди ашёњо, эњтиёљоти мо ба ин гуна услуб мутобиќ аст. Барои услуби классикї мебояд андозаи ошхонаро васеъ кард. Онро бо рангњои торик ва ё равшан мебояд оро дод. Вале кўшиш намоед, ки сояи рангњо каме табиї ба назар бирасанд. Ин ќоидаро њангоми истифодаи љињози дохили ошхона низ ба назар гиред.
Дохили ошхонаи бо тарњи классикї орододаро мебояд бо мебелњои чўбї ва миќдори ками унсурњои ороишї пур кард. Њамчунин, намо (фасад)-и ошхона бояд шишагї бошад.
Тарњи минимализм
Ба фарќ аз дигар услубњо ин тарњи зебоофариро метавон њам дар ошхонаи биноњои замонавї ва њам дар хонањои хурди ба масал хрушёвї истифода бурд. Ин услуб ќодир аст, ки њама гуна фазоро таѓйир бидињад.
Дар он на бештар аз 2 – 3 ранг истифода бурда мешавад, ки яке аз онњо бояд равшан бошад. Асосан рангњои бетараф ва эстетикї ба кор бурда мешаванд.
Услуби скандинавї
Тарњи мазкур хоси тамоми ошхонањо буда, андозаи кам ва ё васеъро талаб намекунад. Ин тарњро бештар онњое интихоб менамоянд, ки дўстдори рўшноиянд. Дар ин услуб тирезаи ошхона бояд дар тарафи љануби он љой гирад. Мисли услуби минимализм зебосозї дар ин љо зинаи дувумро касб карда, дар љойи аввал ќулай будани ошхона аст.
Ба ин намуди ошхонањо ранги сафед, мебелњои табиии чўбї ва шакли љиддї хос мебошад.
Фаршу девор
Фарши ошхона бояд аз паркет ва ё ламинат бошад. Аксар маврид аз кошин (кафел) истифода мебаранд, ки ин нодуруст аст. Зеро бо равѓанолуд шудани фарш лаѓжидан аз эњтимол дур нест.
Бино бар сабаби истифодаи плиткањои сафолї бењтар аст, то девори ошхонаро бо коѓазњои ранга, гаљкории ороишї ва ё сангњои мармар оро бидињем. Саќфи ошхона вобаста ба тарњу услуб ороиш дода мешавад.