17

Август, 2022
Чоршанбе

17

Август, 2022
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД СОҲИБИ ГРАНТИ ОМӮЗИШӢ БА МАБЛАҒИ 96 000 ДОЛЛАР ГАРДИД

 

285621713 557139102689599_3501435366069048375_n


Маҳлиёхон Авзалова - хонандаи синфи 11 -уми МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои Донишгоҳҳои Амрико ва Булғористон дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ ва имтиёзи таҳсили ройгон дар се Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико, Булғористон ва Осиёии Марказиро ба даст овард, хабар доданд аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Донишгоҳи Крейтен дар штати Небраскаи ИМА, Донишгоҳи Амрикоии Булғористон ва Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ (ройгон) намуда, изҳори умед намуданд, ки ӯ донишгоҳҳои онҳоро қабул мекунад.

Лозим ба таъкид аст, ки инҳо донишгоҳҳои бонуфузи олам буда, 4 соли омӯзиш дар онҳо наздик ба 100 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Маҳлиёхон Авзалова - хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд яке аз аз омилҳои ба чунин муваффақият расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар Литсей медонад. Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирок дар озмунҳои мазкур ӯ давоми 2 моҳ "эссе" - ро бо забони англисӣ навишта, пешниҳод намуд ва дар озмун ғолиб гардид.

Дар "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Танҳо дар соли хониши 2021 - 2022 хонандагони Литсей дар беш аз 15 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 493 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Айни ҳол 12 нафар хонандагони синфи 1-уми ин даргоҳ дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 донишгоҳҳои бонуфузи Амрико гардиданд.

:.  Хабарҳо 21.06.2022 11:15 74

38w

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
Шумораи навбати июл 2022
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


ЧОРГУЛ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Хӯриш аз анор
  • Бойгонӣ

Нигористон


Майи - 2022
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz