Замони тасдиқи мавзӯи рисолаи номзадӣ дар бахши сиёсатшиносӣ, ки дар он нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ меҳвар аст, олиме гӯё гашт, ки дар бораи ин шахсият чизи нав гуфта метавонӣ? Ҳамзамон, аз он ёдовар шуд, ки дар бораи Сарвари давлат ду диссертатсия навиштааст.
Дар посух ба саволи он љониб, ки аслан бемавқеъ ва то андозае содалавҳона низ буд, иброз доштам, ки воқеан ҳам, дар бораи Президенти Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифоти зиёде шудааст. Ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллат, абармарди арсаи сиёсат, меъмори сулҳи тољикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо усул, шева ва назокатҳои хос бозгӯӣ намудаанд. Вале мадди назар бояд дошт, ки ҳар соати фаъолияти Сарвари давлат ба маънои томаш қаҳрамонӣ буда, арзандаи ҳазорҳо шеъру достон, манзума, матолиб ва рисолаҳои илмӣ мебошад. Табиист, ки то чӣ андоза комёб будани муаллиф дар бозгӯӣ намудани шахсияти Пешвои миллат ба донишу касбият вобаста буда, аз садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ, љасорат, азми қавӣ ва нияти нек маншаъ мегирад. Матолиби дар ин мавзӯъ иншошуда дар сурате нишонрас ва дар ташаккули афкори љомеа саҳим мегарданд, ки ба аҳли љомеа ҳаводиси қаблиро ёдрас намуда, далелу рақамҳо дар заминаи қиёс пешниҳод гарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиён гуфта буданд, ки мо бояд мафҳумҳои «миллати тољик», «забони тољикӣ», «таърихи тољикон», «фарҳанги тољикӣ» ва «адабиёти тољикӣ» - ро баробари номи муқаддаси Тољикистон, модари хеш ва мисли љони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон орем.
Дар љомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза, мусоидат кардан ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли љомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Аз ин нуқтаи назар, иттилоърасонҳо муваззафанд, ки неруи зеҳнии хешро барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо - сулҳу ваҳдат равона намоянд. Хоса дар љаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз аз рӯз шадидтар мегардад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим мебошад.
Ба касе пӯшида нест, ки дар љаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза табдил ёфтааст ва дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ѓолибияти ин ё он кишвар ва натиљаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Дар робита ба ин, аз зиёиён ва олимони кишвар даъват шуд, ки бетараф набошанд ва назару мавқеи худро равшану бољуръатона баён намоянд. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тољик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунанд.
Биноан, мо - аҳли зиё вазифадорем мардумро талқин намоем, ки он замон, бо вуљуди соҳибистиқлолӣ, ҳатто рамзҳои давлати соҳибистиқол – Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ надоштем ва дар мамлакат Конститутсияи соли 1978 амал мекард. Он овон на ҳар кас қудрат ва хоҳиши мансаб гирифтан дошт. Интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Љумҳурии Тољикистон яке аз корнамоиҳои ин абармард маҳсуб мешавад.
Таљрибаи љаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мављудияти мухолифони ҳукумат дар тамоми давлатҳо падидаи маъмул буда, бо вуљуди ихтилофи назарҳо доир ба масъалаҳои љузъӣ, дар масоили миллӣ ҳукуматдорон ва мухолифин мавқеи яксон доранд. Ҳарчанд ҳадафи ниҳоии ин тоифа расидан ба қудрат аст, дар љомеаи пешрафта дар ин љода аз рақобати солим ва усулҳое, ки ба қонунгузорӣ зиддият надоранд, кор мегиранд.
Дар ҳамин ҳол чаро нотавонбинон эътироф ва арљгузорӣ намекунанд, ки оѓози давлатдорӣ – соҳибистиқлолии кишвар ба давраи мураккабу душвори гузариши мамлакат аз як сохт ба сохти дигар рост омада буд?
Магар фаромӯш кардаанд, ки дар ин айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Љумҳурии Тољикистон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини љанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз љанг ва душвориҳои зиёдеро паси сар мекард?
Оё метавонанд нодида гиранд ва ҳуқуқи маънавӣ доранд инкор кунанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз љавонии худ, дар љодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо, аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз карданд?
Чаро эътироф намекунанд, ки маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори ӯ афзуд ва дар ниҳоди сокинони љумҳурӣ эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар шуд?
Дар ҳоле ки ин муѓризон бо мусоидати хољаҳояшон пайи тахриби кишвар тасмим доранд, шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони љиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Тољикистони азизро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.
Месазад фахр намоем, ки давлати љавони мо ба созмонҳои минтақавӣ ва љаҳонӣ, аз љумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаљамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ѓайра шомил ва фаъолу ташаббускор аст.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти муҳтарами Тољикистон Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузург - «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои ҳаёт, 2005 - 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор» (2018 – 2028) мебошанд. Далелҳои зиёд мављуданд, ки суханони пурҳикмат ва пешниҳодҳои муҳиму созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон сармашқи кори сарварони аксар кишварҳо дар арсаи байналмилалист.
Зарур ва ногузир аст, ки насли љавон аз ҳодисаҳои фалокатбори ибтидои солҳои 90 – уми асри ХХ сабақ гиранд. Фаромӯш насозанд, ки солҳои навадуми асри гузашта Тољикистон, ки бо заҳмати миёншикан, бо устуворию матонати ҳайратовари намояндагони тамоми манотиқи љумҳурӣ ободу корам ва шукуфон шуда, шуҳрати хоса касб карда буд, ба саҳрои ваҳшоният ва маъвои бераҳмию бешафқатӣ табдил ёфт.
Аз љониби дигар, таҳаввулоти охири љаҳони муосир, ки пора - пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, заволи иқтисоди миллӣ, кушта шудани нафарони бегуноҳ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ва ѓайра аз ҳамон љумлаанд, ҳушдор медиҳанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар љомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Хуллас, дар давоми давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои созандаашон дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ татбиқи худро ёфта, ин раванд бардавом аст. Маҳз ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар љомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуљуд оянд. Ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ бояд намуд ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори љомеа, инчунин таѓйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро, бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти ин абармард эътироф ва арљгузорӣ намудан оини љавонмардист.
Далер МЕРГАНОВ