ФАСЛИ САФЕД
Соли сафед бо шоли сафедаш фоли рӯшане буд аз рӯзгори пурифтихори 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар паҳлуи мардон бонувони кишвар дар ҷашнвораи муборак масъулият афзуданд. Воқеист, ки монои давраҳои пешин зимистон барои онон фасли фароғат набуд, ки ба орзуҳо бунёд шуда бошад. Модарони меҳрпарвар на танҳо сари гаҳвораи тифлон суруди «Алла» мехонанд, балки дар идороти мамлакат саҳми бориз ва дар тарбияи худшиносӣ ва ватанпарастӣ нақши муҳим доранд.
Дар мавсими тоза нақша матраҳ мекарданду авҷи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот» – ро бо шоистаормонҳои замони навин мувофиқ месохтанд. «Бонувон» муждаҳо аз тамоми гӯшаву канорҳои кишвар мепароканд. Қаҳрамонҳо омӯзгорон буданду табибони фарҳехтакору сабукдаст, донишмандони закӣ, пешаварони халқӣ: заргарону кулолон, бофандагону дарздӯзон ва гулу гилкорҳои моҳир, варзишгарон, бонувони сипоҳӣ, журналистон ва мардуми одии хушному хидматгузор бо аксу очеркҳо. Чунин аст расму оин, чи мардум садоқатмандонеро, ки корномаҳои воқеӣ доранд, бубояд арҷ гузоранд, ки анъанаҳои куҳананд ва аз рукнҳои ҷомеаи навин, ки бори дигар эҳё шуданд дар дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин раванд фарзандони донишвари мамлакат, ки соли дуюм дар озмунҳо ширкат доштанд, аз ёд нарафтаанд. Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (беш аз 160 ҳазор ширкаткунандаро фаро гирифт) ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз иқтидор, истеъдод ва неруи барозандаи ҷавонони кишвар гувоҳӣ дод. Дар озмун синну сол аҳамият надошт, ки озмунро умумихалқӣ гардонд. Дар маҷмуъ, онро ҳаракат, балки инқилоб дар шинохти донишҳои адабӣ, таърихӣ, забоншиносӣ ва рӯ овардан ба осори безаволи аҷдод ва адабиёти ҷаҳон метавон қаламдод кард. Ин ҳаракати умумихалқӣ пояи устувори Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатиро қавитар гардонд. Ба омӯзиши донишҳои дақиқ рӯй овардан, ба асрори табиат гаравидани фарзандони солеҳ ишора аз решаҳои сарсабзи донишомӯзии аҷдод санад аст. Дар саҳфаҳои «Бонувон» гулдухтарони огоҳу нозанин зебанда буданду мояи ифтихор. Ва дар тарғиби «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020 – 2040 тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Зеро бо дониши мукаммал, ошноӣ бо технологияи навин ва дарёфту кашфиёти ояндаи диёри азизамон рӯшантар хоҳад буд.
Дар ҷашнвораи Сада «Бонувон» сертараддуд буданд, ки оташи аҷдодӣ ба василаи қалби онҳо ҷомеаро гармтару пурнуртар мегардонад ва баъд моҳи Исфанд – моҳи занони тозакору порсо гом мениҳаду Рӯзи модар мардумро ба шинохти азизтарин шахс мепайвандад.
ФАСЛИ САБЗ
Ҳарчанд барои «Бонувон» ҳама мавсим баҳор аст, соли хосса аз Наврӯзи дилбар оғозид ва занҳои зебои тоҷик бо адрасу атласу чакан ороста ҳунари бесобиқаи мардумро ба ҷаҳониён ҷилва доданд. Ва либоси куҳани тоҷикӣ шукӯҳи тоза ёфт. Дар миён афкори рӯшангар боло гирифт ва бештар ба истиқлоли андеша ва андешаи солим таваҷҷуҳ зиёд шуд. Ба дарки асрори аҷдод, ки аз сари сол ибтидо мегирад ва он ба донишҳои нуҷумӣ, табиӣ, ахлоқӣ, зебописандӣ, риёзӣ, инсондармонӣ дар пайвандист, фурӯ рафтанд. Аз осудагии сокинон буд, ки ҳикмати хони пурнеъмат ва яқинаш ҳикмати хони маънавӣ афзалият пайдо кард. «Бонувон» ба рамз Наврӯзро мавлуди миллат унвон дод. Дар ибора кашфиёт нест, ки борҳо мавридаш сухан ба сароҳат рафта буд. Ва ишора ба андешае буд, ки «ҳар куҷо чароғи наврӯзӣ фурӯзон аст, он ҷо тоҷик аст». Ва метавон таъкид кард, дар ҳар гӯшае, ки парчами Наврӯз барафрохта мешавад ва номи идвора ба забон меояд, асари миллати куҳан он ҷо бармалост. Дар ин замина тарғиби Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба саҳифаҳои «Бонувон» рангу бӯйи тоза ва накҳат тароват бахшид. Чакан бо нақшу нигори баҳорона сайри олам кард ва бо ҳунари бесобика дигаронро шефтаву мафтун намуд.
Ҷавонию баҳор тавъаманд. Сухани сареҳу обдор ва шефтагару дилчасп дар ҳаққи насли бунёдгару созанда зеби ҳамагуна расона мебошад. Ва дар сурате, ки Тоҷикистонро кишвари ҷавонон меноманду диққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷамъият зиёдтар аст. Онҳоанд, ки бо ширкати худ дар майдонҳои варзишии олам, саҳнаҳои бузурги санъат, озмунҳои байналмилалӣ Парчами кишварро меафрозанд. Эшон ин замон воқеиятанд ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони навин.
ФАСЛИ СУРХРӮЙӢ
Мегӯянд, ки рамзи тобистон ранги сурх аст. Гармӣ асту оғози пухтупази меваҳо ва анҷоми дарави ғалла. Бонуи тоҷик рамзи рӯйсурхии мардуми тоҷик аст. Ӯ на танҳо парваришгар, балки бо ҳомии миллат буданаш, неруи тавоноест, ки дар дорои хони умумии тоҷик пайкор меорояд. Барзгару хонапо ва омӯзгору олим, хулоса ҳама дар ин фасл барои ободии мамлакат саҳм мегиранд. Барои рӯзгори сазовор талош меварзанд. Хосияти дигари занон дар суҳбату вохӯриҳо бо Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар ҳама гӯшаву канори диёри азизамон бармало мегардад, ки суҳбати рӯирост ва ошкорост. Зеро онҳо модаранд, амну осоиш барояшон аз сарвати дунё азизтар. Аз ғараз мепарҳезанд ва чун модару хоҳар воқеиятро баррасӣ менамоянд. «Бонувон» дар ҷилваи пайкор ва амали ватансозашон ҳамроҳи онҳост. Аз Бадахшону Зарафшон то Суғду Хатлон, Ҳисору Раштон саҳифа рангин месозад. Дар ин маврид ранги пӯсту нажоду миллат, забону мазҳаб аҳамият надорад. Дар саҳифаҳои «Бонувон» ва сайти маҷалла бештар аз 500 матлаб ва аксҳои занони нуронии кишвар ба нашр расида.
ФАСЛИ ЗАРРИНИ «БОНУВОН»
Поиз фасли фаровонист ва мавсими ҷашнвораҳои бузург. Мардумони кишвар 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои беназир ҷашн гирифтанд. Дар радифи онҳо «Бонувони Тоҷикистон» низ. Бахшида ба ҷашнвора аз оғози сол миёни доираи васеи хонандагон озмуни «Фарзанди Тоҷикистонам»-ро эълон кард. Дар озмун бештар аз 300 эҷодгар бо шеър, тарона, ҳикоя ва матлабҳои публитсистӣ ширкат варзид. Дар навиштаҳо васфи Ватани маҳбуб ва озодию худшиносӣ мавзуъҳои меҳварӣ буданд.
Нигоришҳои ҷолиб аз дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дили хонандаро аз фараҳ лабрез мекард. Дар як муддати кӯтоҳ дар бунёди роҳҳо, ободии шаҳру навоҳӣ, сарсабз гардондаи Ватани азиз ва бунёди корхонаҳо ба дастовардҳое ноил шудем, ки дар тули асри ХХ орзуяш мекардем. Дастархони пурнозу неъматро ҷашнвораи Меҳргон намоиш дод. Бо вуҷуди пандемияи фарогир ва буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ, ки асараш ба Тоҷикистон расида буд, бо заҳмати кишоварзон ҳосили фаровони меваву сабзавот ба даст омад. Фасли заррин ба коми «Бонувон» буд.
Дар поку беолоиш нигоҳ доштани забон «Бонувон» масъулияти бештар дошт. Дар маҷмуъ, модаронанд, ки шарафу номуси миллӣ бар дӯши онҳост. Ва забони модарӣ, рукни асосии мавҷудияти миллист.
Анҷоми фаслро метавон ҷашнвораҳои муқаддасоти миллат номнавишт кард. Анҷумани сарнавиштсози XVI Шурои Олӣ, на танҳо Тоҷикистонро аз парешонию нобудӣ раҳоӣ бахшид, балки пойдевори устуворе дар бунёди давлатдории тоҷик ниҳод. Дар он роҳбаре дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба садри роҳбарӣ нишаст, ки миллатро сарҷамъ намуд ва дар эҳёи миллати куҳанбунёд ҷонбозиҳо кард. Ва бо талоши ӯ махсусиятҳои давлатдорӣ пазируфта шуданд.
«Бонувон» дар бозтоби ҳаводису мушкилот ва инъикоси Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ матолиби ҷолиб ба нашр расонд.
«Бонувони Тоҷикистон» тимсоли тамоми занони мамлакат ва муҷассамгари орзуву ормони онҳост. Ва модаронанд, ки бо суруди «Алла» таронаи озодӣ ва ватандориро дар саросари Тоҷикистон танинандоз медоранд.
Шоҳона СУЛАЙМОН