Маҳсулоти лозима:
Пиёз – 5 дона;
Картошка – 3 дона;
Сабзӣ – 4 дона;
Боимҷон – 4 дона;
Қаланфури булғорӣ – 6 дона;
Помидор – 3 дона;
Нахӯд – 1 пиёла;
Биринҷ – 1 пиёла;
Карам;
Кашнизу райҳон – 1 бастагӣ;
Сирпиёз – 1 дона
Маҳсулот барои қима:
Гӯшт – 0,5 кг;
Пиёз – 0,5 кг;
Маводҳои хушбӯйкунанда
Тарзи омода намудан:
Сабзавотҳоро шуста, онҳоро аз дила холӣ мекунем. Сипас, пиёзро майда реза карда, мезирбонем ва онро бо сирпиёзу гӯшт аз қимакунак мегузаронем. Биринҷи обпазшударо ба қима ҳамроҳ намуда, намаку мурч ва зираву дигар хушбӯйкунандаҳоро ҳамроҳ менамоем. Ҳамин тавр, дохили ҳар кадоме аз сабзавотҳоро бо қима пур мекунем. Ба дег каме равған андохта, пиёз, картошкаву сабзии дар шакли чоркунҷа резакардашударо ҳамроҳ бо дилаҳои сабзавотҳо мезирбонем. Бо андаке сурх шудан ба он каме намак илова карда, сабзавотҳоро қабат ба қабат дар дохили дег ботартиб мечинем. Сирпиёзу нахӯд ва кабудиҳоро низ ҳамроҳ месозем.
Мебояд ба назар гирифт, ки дар қабати аз ҳама поён бояд сабзавотҳои сахт, аз қабили картошкаву боимҷон ҷой дода шаванд. Баъдан, як коса об илова карда, тафдонро дар ҳарорати ниҳоят паст мегузорем. Пас аз 40 дақиқа долмаи мо омода мешавад.