29

Мая, 2021
Шанбе

29

Мая, 2021
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РӮҒАНҶӮШӢ

 

Маҳсулоти зарурӣ:12 201994

Нони хушк;

Дӯғ;

Равғани зард;

Пиёз;

Кабудӣ.

 

Тарзи таҳия:

Рӯғанҷӯшӣ хӯроки мардуми кӯҳистон аст. Одатан дар ҳар хонадон нонҳои пора зиёд ҷамъ мешаванд. Кадбонуи хуб ин нонҳоро бояд тоза хушконад. Дар зарфе 2–3 литр дуғ рехта, нонҳои хушкро ба он илова карда, дар оташи муътадил бо қошуқи чӯбӣ муддати 5 – 6 дақиқа онро кофтан зарур аст, то нонҳо нағз мулоим шуда, ҳаҷман на майда ва калон шаванд. Сипас, нонҳои пухтаро дар табақ мекашанд. Дар болояш кабудӣ (пиёзи сабз, гашниз, шибит, райҳон) реза карда, мепошанд. Пиёзро низ борик реза карда, болои кабудиҳо мерезанд. Мобайни табақро дар шакли доирача каме холӣ мегузоранд. Равғани зардро доғ карда, болои маҳсулот мерезанд.

 

 

 

ТЕЗОБА

 

Маҳсулоти зарурӣ:12 201967

Оби сӯзон -1 коса;

Қаланфури тунд 1–2 дона;

Кабудиҳои хушк (гашниз, шибит, райҳон, пудина ва ғ.);

Каме намак.

 

Тарзи таҳия:

Тезоба хӯриши қадимии мардуми тоҷик аст. Модарон вақте ки дар танӯр нон мепухтанд, тезобаро дар зарфи 2–3 дақиқа тайёр мекарданд.

Дар табақ оби сӯзонро рехта, каме намак ҳамроҳ мекунанд ва қаланфур мешаканд. Аз кабудиҳои хушкшуда андаке илова карда, онро омезиш медиҳанд. Гирдачаҳои гарми танӯриро ба ин хӯриш тар карда, тановул намудан лаззати нотакрор дорад.

 

 

 

ПИРОГИ ОСОНПАЗ

 

Маҳсулоти зарурӣ:12 201993

Ҷурғот - 1 истакон;

Шакар - 1 истакон;

Маргарин (ё равғани офтобпараст) - 250 г;

Тухм – 4 адад;

Орд - 1,5 истакон;

Моддаи ковоккунанда – 1 баста

 

Тарзи таҳия:

Тухмҳоро бо шакар лат зада, баъд равған ва ҷурғотро ҳамроҳ мекунанд. Сипас, орд илова карда, болои он моддаи ковоккунанда мепошанд. Мувофиқи табъ андаке ванилин ҳамроҳ карда, мекобанд. Ба варақи тафдон каме равған молида, маҳсулоти омодакардаро ба он мекӯчонанд ва дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 30 дақиқа мепазанд.

Баъди андаке хунук шудани пирог онро ҳар кас метавонад мувофиқи табъ ороиш диҳад. Болои он асал молида, бо чормағз, ё хокаи қанд ва ё бо шоколади гарм рӯи пирог­ро ороиш додан мумкин аст.

 

Таомнома аз Моҳрухсор Сафиева

:.  Дастархон 23.12.2019 11:17 319

38w

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
МАЙ - 2021
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


ШАБНАМУ МУНИСА БО «МУМТОЗ»
  • Бойгонӣ

Дастархон


ПАЗАНДАИ ҶАВОНИ ПОЙТАХТ
  • Бойгонӣ

Нигористон


МАЙ - 2021
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz