ТОРТИ «ИСТИЌЛОЛ»
Мањсулоти зарурї:
Орд - 250 гр;
Какао - 60 гр;
Шакар – 200 гр;
Тухм - 3 дона;
Равѓани растанї – 120 мл;
Об – 200 мл;
Маводи ковоккунанда - 1 ќошуќ;
Намак – ним ќошуќча;
Мањсулоти зарурї барои крем;
Сафедии тухм 2- дона;
Ќаймоќ – 250 гр;
Шоколади сафед – 400 гр
Тарзи тањия:
Дар зарф ордро гирифта, маводи ковоккунанда, шакару тухмро њамроњ намуда мекобем. Дар зарфи дигар об ва какаоро њамроњ карда мекобем, ба хамир якљоя мекунем. Ба мо ќолаби диаметраш 22- см буда, лозим аст. Хамирро дар ќолаб рехта, дар њарорати 170 градус, муддати 45 даќиќа мепазем. То пухтани бисквит креми тортро омода мекунем. Шоколадро дар буѓи оби љӯшидаистода об намуда, дар зарфи дигар сафедии тухмро тули 6–7 даќиќа бо миксер лат мезанем. Баъдан ќаймоќ, сафедии тухм ва шоколадро њамроњ карда мекобем.
Бисквити омодашударо бо 3 ќабати баробар бурида, бо крем бо њамдигар пайваст мекунем. Ва мувофиќи завќ рўи тортро ороиш медињем.