22

Март, 2023
Чоршанбе

22

Март, 2023
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Забони миллат шиносномаи миллат аст»

 

Bonu 10_2022__IMG_9946_fmt

Ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Забони модарӣ, ки зербинои ҳувияти миллӣ ва омили асосии ҳифзи он мебошад, донишу маърифати дар тули ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардуми тоҷикро дар худ нигоҳ дошта, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахшии миллатро дорост. Аз ин рӯ, ғамхориву арҷгузорӣ ба он ва риояи меъёрҳои забони адабӣ дар навиштору гуфтор дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ тақозои замон аст. Дар робита ба ин, бо директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Фарангис Шарифзода суҳбате оростем.

„ - Иқдомҳои куллие, ки дар даврони соҳиб¬истиқлолӣ барои ҳимояи забони тоҷикӣ амалӣ гардид, кадомҳоянд?

-Дар самти ҳифзу пойдорӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ хидматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошанд. Забони миллӣ пойдевори асосии ташаккули давлати миллист, зеро забони миллат рамзи ҳувияти афроди ҷомеа ва шиносномаи миллат аст. Дар кишвари мо – Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлоли милливу фарҳангӣ Рӯзи забон ва Қонуни забон бо қарори Ҳукумат ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва таъин шуданд. Мавқеи забони миллӣ дар даврони истиқлол устувор ва аз банди фишору маҳдудияту таъзиқ раҳо шуд ва тибқи банди 5 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» «забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ»-и кишвар истифода мешавад.

Аз соли 1989 то имрӯз қонунҳои мутааддид дар бораи рушду устуворӣ ва дар амал татбиқ кардани забони давлатӣ қабул шудаанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 5 октябри соли 2009), Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030 (аз 28 ноябри соли 2020).

Ҳоло забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилоти макотиби миёнаву олӣ тадрис мешавад. Бо мақсади ба дараҷаи забони илм расондани забони тоҷикӣ ва баҳри дурусту дақиқ баён кардани матлаби илмӣ теъдоди зиёди луғатномаҳои тафсирӣ ва соҳавӣ дар сиву як соли соҳибистиқлолӣ интишор ёфтанд. Бори аввал Пайкараи миллии забони тоҷикӣ (2019–2021) аз ҷониби мутахассисони варзида бо фарогирии 31 миллион вожа таҳия гардид. Ҷойномҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимону муҳаққиқон таҷдиди назар шуда, лоиҳаи қонун бо фарогирии тамоми ҷойномҳои ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Комиссияи олии аттестатсионӣ ва шуроҳои дифои тоҷикӣ таъсис ёфта, аксари рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ навишта ва дифоъ мешаванд.

„ Забонро рукни асосии ҳастии миллат мегӯянд. Метавон гуфт, ки бо аз байн рафтани забон миллат низ пароканда мегардад?

- Бале, забон сармояи зеҳнӣ, маънавӣ ва фарҳангии қавму миллат аст ва ин сармояи бебаҳоро тоҷикон дар тули ҳазорсолаҳо барои нигоҳ доштани ҳувияташ, захоири маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаи зеҳнияш андухта, нигаҳ дошта, дар эҷоди фикрию ҳунариаш афзуда, то ба ин рӯз овардааст. Дифоъ аз асолати забон, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст.

„ - Дар раванди ҷаҳонишавӣ азбайнравии бисёр забонҳо ба мушоҳида мерасад. Вазъи забони тоҷикиро имрӯз дар ин раванд чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

- Бақои миллат ҳамроҳ бо устувору побарҷо мондани забони он аст, аммо на ҳама вақт соҳибони забон ба хавфу хатаре, ки боиси заъфу ноустувории забон мегардад, таваҷҷуҳ мекунанд ва ё ба ин масъала бо дидаи беэътиноӣ менигаранд. Забонро пок нигоҳ доштан аз масъалаҳои муҳими фарҳанги миллӣ аст. Бо таассуф, имрӯз лаҳни нохуши сухан ва гуфтор ба тамоми қишри ҷомеаи мо роҳ ёфта, ба наҳве сурати маъмулӣ гирифтааст ва зарба ба фарҳанги волои мо мезанад. Дар кӯчаю бозор, дар маҷлису маҳфилҳо мебинем, ки табақоти гуногуни ҷомеа ба чи лаҳну тариқе сухан мегӯянд. Ҳамаи ин дағалию носуфтагию ноҳамворӣ дар гуфтор аз куҷост? Бегумон, аз коҳиш ёфтани сатҳи фарҳангии мост. Мо имрӯз якдилона барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб тамоми чораҳои заруриро бояд андешем.

Дигар аз масъалаи ниҳоят муҳим, ба андешаи мо, дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳимояи забон ва нигаҳдории он аз сели луғоти бегона мебошад, ки ин масъала низ дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва донишмандони соҳаҳои гуногун қарор дорад.

„ - Институти забон ва адабиёт барои таҳким ва рушди забони тоҷикӣ чӣ корҳоро ба сомон расондааст?

- Дар замони соҳибистиқлолӣ кормандони Институт як силсила асарҳои судмандро таълиф ва нашр кардаанд. Дар бахши таърихи забон: Д. Саймиддинов «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (2001). Дар бахши грамматика: «Таджикский язык. Часть 1. Фонетика, морфология» (муаллиф Фарҳод Зикриёев, 2008). Дар бахши шевашиносӣ: «Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» (муаллифон Ғ. Ҷӯраев, М. Маҳмудов, 2012), «Южные говоры таджикского языка. Фонетика, морфология, лексика». Т 1. (2013, муаллифон Ғ. Ҷӯраев, М. Маҳмудов, ду ҷилд, 2013–14), Фарҳанги яғнобӣ – тоҷикӣ (муаллиф С. Мирзоев, 2008); Дастури забони яғнобӣ (муаллиф С. Мирзоев, 2008); Яғнобӣ зивоки алифбо. (Алифбои забони яғнобӣ. Муаллиф С. Мирзоев, 2008). Дар бахши фарҳангнигорӣ: Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ҷ 1.2. Дар бахши адабиёт: «Таърихи адабиёти форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ) (асрҳои ХVI-ХХ) (Р. Ҳодизода, А. Хуросонӣ, 2006), «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (М. Муллоаҳмадов, 2003), «Нигоҳе ба рӯзгору осори Робиаи Балхӣ» (А.Маликзод, 2010) ва «Шаҳиди Балхӣ – шоири бузурги замони Сомониён» (2015), «Ошноӣ бо Бедил» (2009) ва «Зиндагиномаи Бедил» (Б.Раҳимӣ, 2017), «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои VIII-IХ» (Ш.Муҳаммадиев, 2019), «Аз Рӯдакӣ то Лоиқ» (А.Сатторзода, 2013) ва Донишномаи Рӯдакӣ (дар се ҷилд, 2008–2018), «Ёдномаи Рӯдакӣ» (2014), «Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар нимаи дувуми асри ХVII» (С.Саъдиев, 2018). «Таърихи адабиёти тоҷикӣ (аз давраи бостон то ибтидои асри ХХ) аз зумраи корҳои анҷомдодаи кормандони мо мебошанд.

„ - Дар ояндаи наздик чӣ нақшаҳоро амалӣ карданиед?

- Мураттаб ва ба чоп расондани дигар ҷилдҳои «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», «Русско-таджикский словарь» ва «Таърихи адабиёт». Дар Институт бойигарии маънавии кишвар дар панҷ ганҷина – фолклор, фарҳангнигорӣ, гӯйиш, мероси адабӣ ва сабти овоз маҳфузанд. Тасмим дорем, ки таҷҳизондан ва нигаҳдории онҳоро мувофиқи талаботи замони муосир ба роҳ монда, онҳоро рақамӣ ва электронӣ намоем. Сипас, маводро мураттаб сохта, фарҳангҳои соҳавӣ, гӯйишӣ ва ҳам куллиёти осори адибон ва фолклорро ба чоп расонем. Инчунин, омӯзишу таҳқиқи забонҳои бадахшониро ҳамаҷониба ба роҳ монда, дастур ва луғати ин забонҳоро таҳия намоем.

„ - Шумо, ки фарзанди адабиётшинос, олими намоёни тоҷик, профессор Худоӣ Шарифзода ҳастед, мегуфтед, ки забони тоҷикӣ дар муҳити хонаводагии Шумо чӣ мақом дошт?

- Забони миллӣ рукни муҳими ҳувияти миллӣ ва нишони фарҳанги миллист. Муҳити хонаводагӣ, тарбияи фарзандон бояд дар доираи суннатҳои тайи садсолаҳо устуворшуда сурат гирад. Бахусус, муҳаббат ба забони миллӣ аз муҳити хонавода оғоз мешавад. Дар хонаводае, ки ман тарбият ёфтам, лаҳни ширини тоҷикӣ ҳамеша танинандоз буд. Иҷозаи забонро олуда карда ҳарф задан надоштем, чун қиблагоҳам зуд ба ин амали мо эрод мегирифтанд. Банда дар замони шуравӣ ба воя расидам ва он замон дар тамоми кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе бо забони русӣ суҳбат мекарданд, зеро аксари мураббиён хонумҳои русзабон буданд. Мураббии ман Вера Петровна (ёдаш ба хайр бод!) ба ман хондани алифбои тоҷикиро омӯзонда буд. Инсон тамоми донишҳои бунёдиро ба воситаи забони модариаш аз худ мекунад, бино бар ин фарзандони модари тоҷик бояд бо ашъори Рӯдакиву достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, эҷодиёти Мавлонову Саъдиву Ҳофиз ва дигар адибону мутафаккирони тоҷику форс ошно бошанд, то дорои тафаккури миллӣ ва фарҳанги миллӣ бошанд, ин забонро сидқан дӯст доранду ба он арҷ гузоранд.

                                                                             Ситора АШӮРОВА

 

 

 

 

:.  Мусоҳиба 28.10.2022 11:31 140

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2023
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Сад ранги чакан
  • Бойгонӣ

Дастархон


Ҷигарбирёни болаззат
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz