22

Март, 2023
Чоршанбе

22

Март, 2023
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҶАҲОНИ ГУЛ ДАР ГУЛШАН

 

FDGJH1Ҳар пагоҳӣ бо муҳаббати хосса ҷониби коргоҳ мешитобад. Мехоҳад ба дардмандон даво бахшаду ҳоҷати ниёзмандонро бароварда созад. Ӯ табиб аст, табибе, ки рози дили беморонро медонаду бо тамоми ҳастӣ мехоҳад ёриашон расонад.

Гулҷаҳон Мирзоева, акнун ин ном на танҳо дар ҳудуди деҳоти Гулшан, балки дар тамоми ноҳияи Фархор ва ҳатто берун аз он низ вирди забонҳост. Аз табиби ҳозиқу кордон буданаш, ҳамагон сухан меронанду ба суроғаш меоянд. Фаъолияти сермаҳсул ва маҳорату кордонияшро ба инобат гирифта, ӯро сардухтури Маркази саломатии деҳоти Гулшан таъин намуданд.

Имрӯзҳо вай бо дарки бештари масъулият, пайи фаъолият қарор дораду дар якҷоягӣ бо дигар кормандони Маркази саломатӣ, баҳри ҳифзу беҳдошти саломатии мардум талош меварзад.

Ҳарчанд масъулияти бузург бар дӯш дораду пайваста банди кор аст, барои фаъолияти хубу босамари мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба ҳар кадоми онҳо нозукиҳои касби пурифтихор ва муносибат бо ашхоси дардманд, хусусан занону кӯдакону наврасонро меомӯзонад. Ҳама рӯз барои огаҳӣ ёфтан аз вазъи саломатии аҳолии деҳот, ҳамшираҳои шафқатро ба хонаҳои мардум сафарбар намуда, ба ин васила маълумоти заруриро ба даст меорад. Дар бисёр ҳолат мекӯшад, вақт ёбаду бевосита худаш барои аёдати беморон ва ҳолпурсии мардум ба хонаҳояшон равад. Ба андешаи ин бонуи дардошно, омадани табиб ба назди бемор, яке аз роҳҳои зудтар шифо ёфтани дардманд аст. Доруву дармон дигар асту сухани таскинбахши табиб тамоман дигар.

Ҳамкорон ва устодонаш низ аз фаъолияти ӯ қаноатманд буда, изҳори хушӣ мекунанд, ки Гулҷаҳон Мирзоева дар сайқал бахшидани пешаи интихобкардааш устуворона қадам мегузорад. Нисбат ба солимии ҷомеа тадбирҳои зарурию судманд меандешад. Хусусан, дар рӯзҳои паҳншавии бемории сироятии COVID-19 пайваста паҳлуи мардум қарор дошт ва дар баробари кумак ба гирифторони ин беморӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро дар якҷоягӣ бо ҳамкорон васеъ ба роҳ монд. Барои ба таҳлука наафтодани одамон роҳҳои худмуҳофизатиро ба онҳо мефаҳмонд ва талош меварзид, то мардум ноумед набошанд.

Ҳар вақте ба ҳуҷраи корияш дардмандон ворид мешаванду аз муоинаву маслиҳаташ қаноатманд берун мераванд, ӯ худро хушбахт эҳсос мекунад. Хушҳол аз он мегардад, ки имрӯз тавонистааст рисолати худро ба дурустӣ сомон диҳад ва ёрии хурде ҳам бошад, ба ҳамдиёронаш расонад.

Гулҷаҳон Мирзоева мегӯяд, ҳини хилъати сафед ба бар кардан, пеши рӯ гуфтаҳо ва таъкидҳои устодон ва қасами хӯрдаам ҳангоми хатми донишгоҳ пеши назар меоянд. Аз ин ҷост, ки мехоҳам ҳеҷ яке аз ниёзмандон аз Маркази саломатӣ ноумед нараванду орзуҳои сабзи дилашон нисбат ба шифои дардашон хазон нагардад.

Дар назди Маркази саломатии деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор, Беморхонаи №5 низ фаъол аст. Мавсуф бо табибони ин беморхона ҳамкории зич дораду аз устодон пайваста меомӯзад ва таҷрибаи кории худро бештар менамояд.

Хонадоне, ки Гулҷаҳон Мирзоева дар он ба воя расидааст, шаш бародару ду хоҳар, ҳамагӣ дорои маълумоти олӣ, соҳиби мавқеъ ва кори хешанд. Хусусан, бародарон барояш дастгириҳои зиёде кардаанд ва ҳамеша паҳлуи ӯ қарор доштанд, зеро дар айёми ҷавонӣ ба нокомиҳои рӯзгору тақдир рӯ ба рӯ гардид.

Соли хатми мактаби миёна барояш на он қадар хуш омад. Зеро бо орзуе, ки солҳои зиёд дар қалб мепарварид, расида натавонист. Номаи камол гирифт, вале ноамниҳои кишвар нагузошт, роҳ ҷониби донишгоҳе пеш бигирад. Издивоҷ кард. Зиндагии хуберо, ки бо орзуҳои зиёд оғоз намуда буд, дер давом наёфт. Ҳамсараш Сафар Давлатов қурбони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуд ва ӯву писари ягонаашро танҳо гузошт. Бо вуҷуди зарбаҳои сахту сангини рӯзгор, вай умеди сабзи зиндагиро аз даст надод ва орзуи дерини худ, табиб шуданро аз қалб бадар накард.

Шуълаи умеде ҳамеша ӯро водор месохт, то дар шикасту рехти рӯзгор мубориз бошад ва саманди орзуҳоро аз даст раҳо насозад. Ба шарофати рӯи кор омадани Квотаи президентӣ, ки яке аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба ҷавондухтарон маҳсуб меёбад, шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон сипосгузор аст. Ҳамин ғамхории саривақтӣ ӯро аз домони гирдоби мағшуши зиндагӣ берун овард ва як зани дар зиндагӣ шикастхӯрда, ҳамакнун то дараҷаи роҳбарӣ расида, дармонбахши садҳо дардмандон гардид.

«Пас аз он, ки Квотаи президентӣ ба хотири дохил шудани ҷавондухтарони ноҳияҳои дурдаст ба донишгоҳу донишкадаҳо созмон ёфт ва дар солҳои аввали он духтарони зиёдеро ба таҳсил фаро гирифт, ба қавле бахт ба рӯйи ман ҳам дубора хандид ва бо шарафёб гардидан ба ин квота, соли 2000-ум ба Донишгоҳ дохил шуда, онро соли 2006 бо муваффақият хатм кардам. Бо роҳхат ба зодгоҳ баргашта, то соли 2011 ба ҳайси духтури кӯдакона кор кардам. Аз соли 2011 ҳамчун сардухтури Маркази саломатӣ фаъолият дорам», - мегӯяд бо ифтихор Гулҷаҳон Мирзоева.

С. АШУРЗОДА,
ноҳияи Фархор

:.  Тандурустӣ 16.05.2022 10:57 334

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2023
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Сад ранги чакан
  • Бойгонӣ

Дастархон


Ҷигарбирёни болаззат
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz