16

Мая, 2022
Душанбе

16

Мая, 2022
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2021» ҶАМБАСТ ГАРДИД

 

Murabbiyoni-sol-2

Имрӯз ҷамъбасти озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мураббии муассисаи томактабии № 23-и шаҳри Хуҷанд Таҳмина Абдуалиева ва мураббии муассисаи томактабии № 64-и шаҳри Душанбе Фирӯза Ғаниева дар  озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон -2021» сазовори ҷойи якум гардиданд, иттилоъ дод маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин дар озмуни мазкур мураббии муассисаи томактабии № 24-и шаҳри Бохтар Мунира Ризоева соҳиби ҷойи дуюм, мураббии Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Гулрӯ Гулбекова ва мураббии муассисаи томактабии № 1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пулодова сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Гуфта шуд, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббиҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаашонро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

Murabbiyoni-sol-3

Дар охир ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд. Ҳамзамон аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо супурда шуд.

:.  Хабарҳо 13.01.2022 08:54 84

38w

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
МАЙИ - 2022
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


ПИРЯХҲО - САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛӢ
  • Бойгонӣ

Дастархон


ШИРИНИИ ТОБИСТОНА
  • Бойгонӣ

Нигористон


АПРЕЛИ - 2022
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz